Дар Шуғнон корхонаи нави истеҳсоли асфалт ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои соҳибкорони муваффақи ватанӣ, соҳаи саноати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол ба сол рушд намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодааст. Дар ҳамин замина дар деҳаи Бердибекободи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон корхонаи нави истеҳсоли асфалт мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, дар марҳилаи оғози фаъолияти расмии корхона, роҳбарияти вилоят таъкид намуданд, ки аввал роҳҳои марказии шаҳри Хоруғ мумфарш карда шаванд ва баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар маркази вилоят, иқдомоти минбаъда ба сӯи навсозии дигар роҳҳо равона карда шавад.
Иброз гардид, ки фаъол гардидани чунин иншоот идомаи мантиқии сиёсати созанда ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба рушди саноат, дастгирии соҳибкорон ва таъмини некӯаҳволии мардум равона шудааст.
Сокинони деҳаи Бердибекобод изҳор доштанд, ки ифтитоҳи чунин корхонаи бузурги саноатӣ рӯйдоди таърихӣ ва сарчашмаи ифтихор буда, қадами дигар барои ободу зебо гардидани ин гӯшаи ватани азизиамон Тоҷикистон дониста мешавад. Аҳолии деҳот бо самимият изҳор доштанд, ки дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум неруи тоза мебахшад ва барои зиндагии шоиста заминаи муосидро фароҳам меорад.
Бунёди корхонаи нави саноатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар доираи татбиқи ҳадафҳои эълонгардидаи «Солҳои рушди саноат» амалӣ гардида, ба таъмини маҳсулоти асфалти зарурӣ барои мумфаршкунии роҳҳои дохили ноҳияҳо ва шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат хоҳад кард.
Арзиши умумии лоиҳа беш аз 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Шоҳрух Искандаров сохта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






