Дар Суғд ба муносибати Рӯзи дониш ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 1, 2025 16:10

 ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то имрӯз 34 иншоот бо 3370 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 57 синфхона бо 1720 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин 3 толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишӣ ва 19 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Инчунин дар доираи «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» ба 80 муассисаи таълимии вилояти Суғд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 264 компютер, 32 принтер, 31 тахтаи электронӣ ва 31 проектори мултимедиавӣ тақдим гардид. Муассисаҳои таълимӣ низ 604 компютер, 110 тахтаи электронӣ, 114 проектори мултимедиавӣ ва 55 принтер харидаанд.

Иброз дошта шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди босуръати илм, техникаву технология ва хусусан зеҳни сунъӣ аҳамияти донишандӯзӣ бештар мегардад. Пешрафти илму техника ва рақобати иттилоотию иқтисодӣ аз ҷавонон тақозо менамояд, ки донишу ҷаҳонбинии худро пайваста рушд диҳанд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиши ба устодони собиқадор кумаки молӣ тақдим карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид