Дар Суғд Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Сентябрь 22, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Занон дар иқтисоди «сабз» ва рақамӣ» Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавзуи асосии форум аз тавонмандии занон дар рушди иқтисоди «сабз» дар Осиёи Марказӣ, соҳибкорӣ, роҳбарӣ дар самти иқлим, кишоварзии устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, рақамикунӣ ва иқтисоди рақамӣ дар минтақа ва рушди малакаҳои рақамӣ иборат мебошад.

Ҳадаф аз баргузории форум дастгирии ташаббусҳои занон дар соҳаи экология, технология ва соҳибкории устувор буда, ба имконияти иштироки занон дар дигаргунсозии иқтисодӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат мекунад.

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди занон тавассути санъат, анъана ва эҷодкорӣ дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ барномаи  фарҳангӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадаанд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд