Дар Тоҷикистон 3 миллион сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 3 миллион сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки пайдоиш ва парвариши онҳо аз водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад, дар беш аз даҳ хоҷагии зотпарварӣ ва инфиродӣ парвариш карда мешаванд. Дар робита ба ин имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» бо иштироки олимону мутахассисони варзидаи соҳаи чорвопарварӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус, Украина, Молдова, Эрон ва Канада дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабанигори АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ»-ро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Иброз гардид, ки симпозиуми байналмилалӣ бо мақсади муайян намудани дурнамои рушду парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти парвариш ва зиёд намудани саршумори гӯсфанди зоти ҳисорӣ гузаронида мешавад.
Сулаймон Зиёзода афзуд, ки баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба он рабт дорад, ки моҳи июли соли 2025 дар пойтахти Италия- шаҳри Рим дар ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /FAO/ дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» – «GIAHS» -Globally Important Agriculture Heritage System ворид гардид, ки ин барои кулли мардуми тоҷик ва Тоҷикистон ифтихори бузург аст.
Ҳамзамон муовини Савазири мамлакат доир ба ташаббус ва иқдоми андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти чорводорӣ, хусусан парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ иброз дошт, ки дар ин самт ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Иштирокдорони симпозиум дар мавзуъҳои «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ- мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ», «Ҳолати соҳаи парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он» ва «Раванди хушзоткунии гӯсфандон дар хоҷагиҳои шабакаи зотпарварии Тоҷикистон» маърузаи илмӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки гӯсфанди зоти ҳисорӣ яке аз намудҳои гӯсфанди бузургҷусса буда, дар Тоҷикистон парвариш ёфтааст ва дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур мерасад ва он зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ арзёбӣ мегардад. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд набуда, аз Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия интиқол дода шуда, дар он ҷойҳо низ парвариш карда мешавад.
Дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дастовардҳои илмию амалии олимону мутахассисони тоҷик дар самти парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» гузаронида мешавад. Дар он иштирокдорон ва меҳмонони Симпозиуми байналммилалии илмӣ-амалӣ низ иштирок менамоянд. Дар Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» чорводорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беҳтарин зотҳои гӯсфанди ҳисориро ба намоиш мегузоранд.
Дар доираи фестивал бо иштироки ҳунармандони маъруф чорабинии пуршукуҳи фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд






