Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» таҳия карда мешавад

Сентябрь 19, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш доданд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон масоҳати умумии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз 420 ҳазор гектар ба 3,1 миллион гектар расонида шуд. Ин 22 фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳад, ки дар миқёси минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беназир аст.

Ҳоло дар низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 3 мамнуъгоҳ, 1 резервати биосферӣ, 4 парки табиӣ, 13 парваришгоҳ фаъолият дорад. Аз онҳо Парки миллии Тоҷикистон (бо масоҳати 2,6 миллион гектар) ва Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» (бо масоҳати 49,7 ҳазор гектар) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд