Дар Тоҷикистон «Парки табиии Зарафшон» таъсис дода мешавад

Сентябрь 19, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири табиии мавзеъҳои водии Зарафшон, бахусус қаторкӯҳҳои Фон, кӯлҳои камназири Ҳафткӯл, Аловуддин ва монанди инҳо 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба ин кумита ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ супориш доданд, ки вобаста ба эълон намудани ин минтақа ҳамчун «Парки табиии Зарафшон» пешниҳоду хулосаҳои худро дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Гуфта шуд, ки водии Зарафшон, бахусус қаторкӯҳҳои Фон, кӯлҳои камназири Ҳафткӯл, Аловуддин ва монанди инҳо макони истироҳату тамошои сайёҳон мебошанд.

Бахши сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисод ба шумор рафта, имкон медиҳад, ки дар минтақаҳои дурдаст инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла роҳҳо, маҳалҳои зист ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ рушд ёбанд. Рушди сайёҳии экологӣ ҳамчунин метавонад ба таъсиси ҷойи нави кор, ҳифзи табиат, мероси фарҳангӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани обрӯ ва симои ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

Дар ин замина таъкид карда шуд, ки кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳамияти экологӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ