Дар вилояти Суғд соҳаи саноати кӯҳӣ рушд меёбад

Сентябрь 12, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 12.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди соҳаи саноати кӯҳӣ зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо роҳбарияти корпоратсияи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, беҳтарсозии шароити кору зиндагии кормандон ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Изҳор гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ҷумла, моҳи июли соли равон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷаъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ба фаъолият оғоз намуд.

Корхона ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла коркарди консентрати тилло машғул мебошад. Он дар 6 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсол ва коркарди консентрати тилло дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ ҳуҷраи махсуси назоратӣ фаъолият намуда, раванди истеҳсолот ба таври автоматикӣ идора мешавад.

Дар коргоҳ 300 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст, ки ин дар болоравии сатҳи иҷтимоию иқтисодии минтақа нақши назаррас мебозад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи рушду тавсеаи фаъолияти корхонаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Сентябрь 12, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд