Маркази миллии тестӣ даври сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2025 оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид, ки то 13 сентябр идома меёбад.
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои довталабон дар 11 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара ва Рашт 11 нуқтаи бақайдгирӣ фаъолият мекунад.
Дар даври сеюми бақайдгирии довталабон шахсоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд, довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд ё довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд, худро ба қайд гирифта метавонанд.
Инчунин довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд, нафароне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, метавонанд худро номнавис намоянд.
Агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад интихоби худро иваз намояд. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад.
Дар даври сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии даврҳои якум ва дуюм холӣ мондаанд, пешниҳод карда шудаанд.
Тибқи нақша, довталабоне, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм 21 сентябр месупоранд. Инчунин барои довталабоне, ки дар ин давр ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В аз 19 то 20 сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






