Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир карда шуд. Дар ҷаласа масъалаи баргузории даври сеюми озмун баррасӣ гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иштирокчиёни ҷаласа замон ва макони баргузории озмунро интихоб намуданд. Аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки барои интихоби беҳтарин иштирокчии озмун саъю талош кунанд.
Даври якуми озмун аз 1 апрел то 10 май дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷамҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни беҳтарин ба даври дуввум роҳхат гирифтанд. Даври дуюм аз 10 июн то 5 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Давре сеюм аз 25 то 30 сентябр доир мешавад.
Дар ин даври озмун 509 ғолиби даври дуюм иштирок менамояд. Даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаю маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






