Директори «Агентии Тоҷикстандарт» бо фаъолияти озмоишгоҳҳои Пажӯҳишгоҳи миллии метрологии Узбекистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафар ба Узбекистон директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломиддин Раҳмон бо роҳбарияти Агентии танзими техникии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ, табодули таҷриба, ба омӯзиш фаро гирифтани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти соҳавӣ изҳори назар намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз агентӣ.
Директори Агентии «Тоҷикстандарт» бо фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхисии Муассисаи давлатии «Маркази илмӣ-ташхисӣ ва назорати сифати Узбекистон» («УзТест»), озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва озмоишгоҳҳои метрологии Пажӯҳишгоҳи миллии метрологии Ҷумҳурии Узбекистон шинос карда шуд.
Тақвият додани ҳамкорӣ бо Агентии танзими техникии Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи санадҳои баимзорасида ба рушди соҳа, фароҳам овардани имконияти омодасозии кадрҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология, гузаронидани вохӯриҳои коршиносон, семинару конфронсҳо, дар ин замина коҳиш додани монеаҳо дар савдо, тавсеаи тиҷорати мутақобил ва таҳкими иқтисоди миллӣ замина мегузорад.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






