Доир ба Истиқлолияти давлатӣ ва рушди саноати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Сентябрь 10, 2025 10:27

ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди саноати миллӣ: самтҳои асосӣ ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Дар конференсия иштирокдорон оид ба паҳлуҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии истиқлол ва нақши он дар рушди саноати миллӣ сухан намуданд.

Масъалаҳои муҳим, аз ҷумла афзалияти соҳа, зарурати ҷалби сармоя, истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, воридсозии технологияҳои муосир ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Ҳамзамон роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, тавсеаи истеҳсолот ва содироти маҳсулоти саноатӣ ҳамчун самтҳои асосии дурнамои рушд таъкид гардиданд.

Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаи саноат ва илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, заминаҳои устувор барои рушди минбаъдаи мамлакат гузошта шуданд.

Дар конференсия донишмандону устодон ва муҳаққиқон доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ маърузаи илмӣ пешниҳод намуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Сентябрь 10, 2025 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд