Доир ба нақши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими маориф ва рушди он конференсия баргузор шуд

Сентябрь 25, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими маориф ва рушди он»-таҳти ин унвон  имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Иштирокдорони конференсия- ходимони давлатӣ ва муҳаққиқон масъалаҳои рушди соҳаи маорифро, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қарор доранд, инчунин ташаккули илми тоҷик дар марҳилаҳои Истиқлоли давлатӣ ва барномарезиҳои Пешвои миллатро дар рушди неруи зеҳнӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф ва илму маърифат мебошад. Чунки таълиму тарбия ва сатҳи маърифатнокии ҷомеа пояи рушди давлатдорӣ, пойдории истиқлолият ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон  дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳазорҳо мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, муассисаҳои кӯҳна низ таъмиру навсозӣ гардиданд.

«Бо иқдоми Пешвои миллат дар соҳаи маориф тағйироти куллӣ ба амал омад, стандартҳои давлатии таҳсил навсозӣ шуда, барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд. Аз ҷумла, ба фанҳои дақиқ, технологияи компютерӣ, забонҳои хориҷӣ ва барномаҳои касбомӯзӣ аҳамияти хосса дода шуд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Иштирокдорон баргузории чунин конференсияҳои илмиро  мувофиқи мақсад ва самаранок шумориданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 25, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд