Донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Asian Championship» соҳиби медали тилло шуд

Сентябрь 18, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси якуми  факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашраф Сайдализода дар Мусобиқаи сатҳи байналмилалии «Asian Championship», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд, аз намуди варзиши Brasilian Jiu Jitsu ҷойи якум ва медали тиллоро соҳиб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ иттилоъ доданд.

Ин дастоварди назаррас на танҳо ифтихори шахсӣ ва натиҷаи заҳмати доимии Ашраф Сайдализода, балки нишонаи сатҳи баланд ва қобилияти варзишии донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ мебошад.

Ашраф Сайдализода бо ин натиҷа намунаи ибрат барои ҳамсолон ва дигар донишҷӯёни Академия гардид. Ин далели он аст, ки бо ҷасорат, матонат ва иродаи қавӣ метавон дар сатҳи байналмилалӣ низ ба комёбӣ ва шуҳрат роҳ ёфт.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид