«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе чун дар дигар муассисаҳои таълимии мамлакат Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд.
Муассисаи таълимӣ дорои 37 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мусиқию хореаграфӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин дар литсей ҳуҷраҳои озмоишгоҳ мавҷуданд, ки дар онҳо барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ насб гардидааст.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо хонандагони муассиса вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки бо хониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони содиқи давлату миллат ба воя бирасанд. Зеро Ҳукумати мамлакат барои насли наврас ва ҷавонон тамоми имконият ва шароити илмомӯзиро фароҳам намудааст.
Иброз шуд, ки 1 сентябр танҳо оғози соли нави таҳсил нест, балки рамзи пайванди ду арзиши олӣ – дониш ва сулҳ мебошад. Ҳар қадаме, ки мо дар роҳи маърифат мегузорем, бояд ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан равона гардад.
Ёдовар мешавем, ки 20 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи лоиҳа, «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои 1440 хонанда дар ду баст бунёд шуда, аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






