Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешқадами Ҷопон робитаи мустақими академӣ ба роҳ мемонад

Сентябрь 19, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо   муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷопон    дар мулоқоти  ректори  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута,  роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JIKA) Имай Сэйдзю дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо  истинод ба  ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.

Дар мулокот таъкид шуд, ки барои ба роҳ мондани робитаҳои мустақими академӣ бо донишгоҳҳои пешқадами Ҷопон дар самтҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, технологияҳои рақамӣ ва рушди устувор имконияти инноватсионӣ мавҷуд мебошад. Ҳамзамон ҷонибҳо имкони ташкили таҳқиқоти илмии муштарак, табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин таъсиси марказҳо ва озмоишгоҳҳои муштараки илмию таҳқиқотиро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) зоҳир карда шуд. Он метавонад ба татбиқи технологияҳои пешқадами идоракунии соҳаи сайёҳӣ, рушди малакаҳои рақамӣ, дастгирии соҳибкории ҷавонон ва ҷалби коршиносони Ҷопонӣ барои табодули таҷрибаи пешрафта мусоидат намояд.

Кейко Фурута ва ҳамроҳонаш бо пойгоҳи омодасозии мутахассисони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, аз ҷумла биноҳои муосири таълимӣ, марказҳо ва озмоишгоҳҳо шинос шуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд