Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд

Сентябрь 10, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр ҳайати сатҳи баланд аз Бунёди Lives & Livelihoods (Ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ) (LLF) рисолати муҳими донориро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид. Ин ба анҷом расидани Лоиҳаи ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон (MNCH)-ро, ки бо дастгирии LLF дар вилояти Хатлонро  нишон дод.

Иштирокчиёни рисолат дастовардҳои назаррасро дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон, ки дар натиҷаи ин шарикӣ ба даст оварда шудаанд, иброз доштанд. Ҳайат ба муассисаҳои тиббии навтаъсис рафта, мустақиман бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ суҳбат карданд, то фоидаи назарраси лоиҳаро арзёбӣ намоянд.

Бунёди Lives & Livelihoods (Ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ) (LLF) як ташаббуси бисёрҷонибаи донории 2,5 миллиарддолларии ИМА мебошад, ки онро Бонки исломии рушд (IsDB) дар ҳамкорӣ бо Бунёди рушди Абузабӣ, Бунёди Гейтс, Бунёди ҳамбастагии исломӣ барои рушд, Маркази кумаки башардӯстонаи шоҳ Салмон ва Бунёди рушди Қатар роҳбарӣ мекунанд.

Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар анҷоми лоиҳаи MNCH, ки аз ҷониби IsDB ва шарикони LLF бо сармоягузории 23 миллион доллари ИМА дастгирӣ карда шуд, муваффақияти назаррас ба даст овард.

Ин дастовард, ки марҳилаи муҳим дар роҳи рушди устувори мамлакат ва расидан ба Ҳадафи рушди устувори № 3 (саломатӣ ва некӯаҳволӣ) дар саросари ҷаҳон мебошад, талошҳои шарикони IsDB ва LLF-ро барои тавсеаи хизматрасониҳои MNCH дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 22,91 миллион доллари ИМА (99,6%) тақвият медиҳад ва то имрӯз пардохт карда шудааст. Он пурра ба анҷом расонидани лоиҳа ва дастгирии онро ба ҷомеаҳо таъмин мекунад.

Тибқи иттилои роҳбари  лоиҳа  Шерафган  Сатторов,      дар доираи ин лоиҳа дар   ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Ховалинг ва шаҳри Нораки вилояти  Хатлон  беморхонаҳо, марказҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд  ва    таҷдиду бозсозӣ шуда, аз ҷониби донорҳо бо тамоми таҷзиҳоти зарурӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, ба Маркази бисёрсоҳавии  тиббӣ дар Данғара беҳтарин таҷҳизоти тиббии замонавӣ дастрас карда шуд, ки   барои ташхису табобати саривақтии беморон хизмат мерасонад. Марказ    дорои имконияти маҷмуии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 700 эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ мерасонад. Он дорои таҷҳизоти тиббие мебошад, ки бо ташхиси хун бештар аз 30 намуди бемориҳоро муайян менамояд.

Мавриди тазаккур аст, ки Лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон (MNCH)” дар   шаҳру ноҳияҳои пилотии Хатлон    амалӣ гардид. Ҳадафҳои асосии он аз беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, пешгирии хатари марги модару навзод ва кӯдакони то 5-сола иборат буд.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳа дар баробари бунёди Маркази бисёрсоҳавии тиббӣ дар ноҳияи Данғара   беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг аз нав таъмиру бозсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷониби донорҳо ба ин беморхонаҳо 12 мошини нави “Ёри таъҷилӣ” туҳфа карда шуд, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, барои дар шароити  кӯҳистон сари вақт расонидани ёрии тиббӣ ба беморон, махсусан занони ҳомила ва кӯдакон кумак мерасонанд.  Дар ин минтақаҳо 42 маркази тиббӣ ва 87 бунгоҳи саломатӣ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин гашта, 2300 корманди тиб аз даврҳои бозомӯзӣ гузаронида шуданд.

Тибқи иттилои масъулин,  сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, назорати занони ҳомила дар давраи пеш аз таваллуд аз 50% ба 70% зиёд шуд ва шумораи таваллуд дар таваллудхонаҳо то ба  1500 афзудааст. Дар маҷмуъ, дар ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Ховалинг ва шаҳри Норак    62 000 нафар занон ва кӯдакон  аз хизматрасонии гуногуни тиббӣ баҳравар шудаанд.

Дар чорабиние, ки ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон»  баргузор шуд, филме, ки  фарогири  корҳои  анҷом дода дар доираи  ин лоиҳа буд, пешниҳод гардид. Сипас  бо иштироки   сарпарастон-донорҳои лоиҳа ва рӯзноманигорон  нишасти матбуотӣ баргузор  ва дар хусуси натиҷаҳои лоиҳа  изҳори  қаноатмандӣ  карда шуд.

Зимни сафар, ки 3-4 сентябр идома ёфт, ба ҳамкории бисёрҷониба дар таъмини фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ ва дастгирии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва Стратегияи миллии тандурустӣ диққати махсус дода шуд.

Сентябрь 10, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад