ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид

Сентябрь 17, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои дастгирии тақрибан 40 ҳазор аҳолӣ дар саросари Тоҷикистон 75 тонна ғизои истеҳсоли Амрикоро ба маблағи 255 ҳазору 666 доллар кумак расонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ғизои мазкур, ки дар шаҳри Лаббоки иёлати Техас аз ҷониби ширкати «Breedlove Foods» истеҳсол шудааст, омехтаи ғизоии наск, биринҷ ва сабзавотро дар бар гирифта, бо витамину минералҳои муҳим ғанӣ гардонида шудааст.

Ин кумаки ғизоии ҳаётбахш ба зиёда аз 140 муассисаи тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобати сил, равонпизишкӣ, марказҳои онкологӣ ва паноҳгоҳҳо барои гурезаҳо тақсим карда мешавад. Ин кумак ба беҳтар кардани саломатӣ ва некуаҳволии ҳазорҳо шахсон равона шудааст.

Тақсимоти ин кумаки ғизоӣ таҳти назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Маркази миллии мубориза бо бемории сил ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмар амалӣ мегардад.

АКС: Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад