Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва имконоти сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни форум навори таблиғотии иқтидори сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Иброз гардид, ки сайёҳони аврупоӣ ва амрикоӣ ҳангоми сафар ба Осиёи Марказӣ мехоҳанд саёҳати «5 дар 1» дошта бошанд. Яъне онҳо мехоҳанд, ки бо як сафар панҷ давлати Осиёи Марказиро тамошо намоянд. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки минбаъд гурӯҳи давлатҳои «Стан»- Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ дар ҳамкорӣ хатсайрҳои муштараки ҷолиб тарҳрезӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав роҳбарони сохторҳои сайёҳии кишварҳои аъзои созмони Созмони ҳамкории иқтисодӣ, намояндагони бахши сармоягузории давлатҳои Осиёи Марказӣ, ширкатҳои ҷаҳонии меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






