ҲИСОБАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Байни «Амонатбонк» ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории судманд дар самти сари вақт пардохт намудани нафақа ва хизматрасонӣ ба нафақагирон байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» «Дар бораи аз нав ба расмият даровардани хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои суратҳисоби бонкӣ бо пули миллӣ» шартнома ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин санадро Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ва Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода ба имзо расониданд.
Дар доираи ҳамкорӣ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба нафақагирон оид ба гузаронидани амалиёти бонкӣ бо истифода аз кортҳои бонкии нафақавӣ барои ройгон истифода намудан имконияти зерин, аз ҷумла ройгон пайваст намудани кортҳои бонкӣ ба SMS – паёмак, ройгон пайваст намудани барномаи «Амонат мобайл», хизматрасонии ройгон дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо (дорухонаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ғайра тавассути Пос терминал), ройгон пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, маблағи таваққуфгоҳ, телефони мобилӣ, интернет ва хизматрасониҳои давлатӣ ва ғайраро тавассути барномаи «Амонат мобайл» фароҳам меорад.
Дар асоси ин санад тавассути пос-терминалҳо дар Маркази хизматрасонии бонкӣ (зиёда аз 200 намуди хизматрасониҳо), гирифтани маблағҳои нақдӣ аз шабакаҳои терминалии низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» (банкомат ва пос-терминалҳо), фаврият дар ҳолати ворид намудани маблағ ба суратҳисоби кортҳои бонкӣ ва пардохти хизматрасониҳои гуфташуда, бархурдор (пайвастшавӣ) шудан аз қарзҳои овердрафтӣ ва воридоти маблағ ба корт аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Ин иқдом ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мусоидат менамояд.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






