Истиқлоли давлатиро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем
ДУШАНБЕ, 08.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат даҳҳо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ таъсис ёфта, ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат имконияти таҳсил пайдо карданд. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ самараи ҳамин давраи пурфайз аст. Чунин гуфта шуд дар ҳамоиши ҷашнӣ, ки ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҳамоиши ҷашнӣ гуфта шуд, ки истиқлолият беҳтарин ва бузургтарин неъматест, ки миллати тоҷик бо шарофати сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро таҳким бахшид ва асосҳои давлати миллӣ гузошта шуданд. Маҳз истиқлолият ба мо имконият дод, ки соҳиби рамзҳои давлатӣ, артиш ва сиёсати мустақили миллӣ гардем.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш доир ба таърихи давлатдории тоҷикон ва саҳми Пешвои милат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти мамлакат сухан намуданд. Гуфта шуд, ки миллати тоҷик таърихи давлатдории чандинҳазорсола дошта, истиқлолият имкон дод, ки мо бо такя ба анъанаҳои давлатдории худ Тоҷикистонро ҳамчун давлати озод ва пешрафта муаррифӣ намоем.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик осон ба даст наомадааст, он натиҷаи кӯшишу талошҳои мардумамон мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






