Кишоварзони вилояти Суғд беш аз 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони вилояти Суғд тибқи нақша 131 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. То имрӯз дар вилоят 31 ҳазору 426 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 23,9 фоизи нақша баробар мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, 20 сентябр дар вилояти Суғд маросими ҷамъбасти бистрӯзаи якуми маъракаи пахтачинӣ доир шуд. Тибқи ҷамъбаст, истеҳсоли пахта дар ноҳияи Мастчоҳ 27 ҳазору 391 тонна буда, то имрӯз дар ноҳия 9 ҳазору 283,9 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,9 фоизи нақша баробар мебошад.
Дар ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахта 14 ҳазору 291 тонна муайян гардидааст. То имрӯз 4 ҳазору 98,6 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 28,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ноҳияи Мастчоҳ мақоми аввал, ноҳияи Спитамен ҷойи дуюмро соҳиб шуданд ва ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои пулӣ тақдим гардиданд.
Маъракаи пахтачинӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дошта, чинакчиён талош доранд, ки ҳосил сари вақт ва босифат ҷамъоварӣ гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






