Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид

Сентябрь 12, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҳфили илмӣ-адабии «Хирад»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Китоб зери назари президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода аз ҷониби мураттибон- профессор Шодимуҳаммад Суфизода ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст.

Дар маҳфил президенти Академияи миллии илмҳо иброз дошт, ки Устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Таъсири амиқе, ки Устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати худ кардааст».

Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи  осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Ин асар таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки  дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст.

Феҳрист ба муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт ҳамчун манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд пешкаш мегардад.

Дар идомаи маҳфил олимону шоирон аз хизматҳои таърихии Устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад