Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд, маросими супоридани мукофоти давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ҳайати кории дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон зимни супоридани медали «Хизмати шоиста» иброз намуд, ки роҳбарияти давлат ҳар иқдому ташаббуси созанда ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандонро қадр мекунад ва барои дастоварду хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дороиҳои Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар нимсолаи якуми соли 2025 ба 1,4 миллиард сомонӣ баробар гардиданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 425,8 миллион сомонӣ ё 45,9 фоиз бештар мебошад. Ҳамзамон уҳдадориҳои бонк дар охири нимсолаи якум ба 689,5 миллион сомонӣ расиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 351,2 миллион сомонӣ ё 103,9 фоиз афзоиш ёфтаанд.
АКС: Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»










Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






