Кормандони соҳаи маориф дар Остона оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ таҷриба омӯхтанд

Сентябрь 15, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар доираи созишномаи ҳамкорӣ дар Мактаби зеҳнии Назарбоев дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҷриба омӯхтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Дар доираи таҷрибаомӯзӣ бо машғулияти назариявӣ, амалӣ оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ, мониторинг ва арзёбии даврҳои такмили ихтисос ва барномаҳои таълимии бозомӯзӣ, такмили маҳорати тренерӣ, раванди татбиқи зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, робототехника дар муассисаҳои озмоишӣ, мактабҳои комфортӣ ва пешрафтаи технология шинос шуданд.

Дар доираи таҷрибаомӯзӣ омӯзишҳо дар самти арзёбии даврҳои такмили ихтисос, таҳияи барномаҳои таълимӣ,  омода намудани тренерон ҳамчун модернатор ва сарпараст низ гузаронида шуданд.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Сентябрь 15, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад