1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2025 аз соати 09:00 то соати 17:00 ва 1 октябри соли 2025 аз соати 08:00 то 09:00 дар шуъбаи ташкилии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назар аст.
Дар иҷлосия инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда мешаванд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи доимии комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доир шуд
Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус мулоқот намуданд
Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Беларус Наталя Кочанова ба Тоҷикистон омад
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе омад
Имрӯз дар Душанбе чорабиниҳои сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз мегарданд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Чин ба тасвиб расид
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад






