Лоиҳаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ гардиданд

Сентябрь 16, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо директори кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго мулоқот намуд. Зимни он ҷонибҳо ҳамкории мавҷударо дар доираи лоиҳаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.

Ҳамсуҳбатон аз ҷумла, лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавии чорво»-ро, ки ба рушди деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии деҳот равона шудааст, баррасӣ намуданд.

Юсуф Маҷидӣ ва Роберто Лонго зарурати тавсеа ва идомаи ҳамкорӣ, хусусан дар самтҳои баланд бардоштани дастрасии деҳқонон ба технологияҳои муосир, маблағгузории ҳадафманд барои рушди соҳибкорӣ дар деҳот ва густариши захираҳои обӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро таъкид намуданд.

АКС: Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад