Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 20, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар доираи дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муовинони Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоирзода ва Раҳмиддин Саломзода бо ҳайати Созмони минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии мудиромили Созмон Муҳаммади Кабирӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба байни ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкили Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Душанбе дар Ҷазираи Киш ва Ҷазираи Киш  дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Иброз гардид, ки иштироки намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе, ки дар он беш аз 200 ширкати байналмилалӣ маҳсулоту хизматрасонии худро ба намоиш гузошт, қадами муҳим дар самти тақвияти робитаҳои ду давлат мебошад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо иродаи муштарак метавон заминаи муносибатҳои таърихию фарҳангиро бо дастовардҳои назаррас  таҳким дод.

Дар фарҷом аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳайати Созмони минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эронро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки 14-16 октябри соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) 18 сентябр ифтитоҳ гардида, имрӯз анҷом ёфт.

 АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 20, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд