МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯлона давои хуб барои бемориҳои дилу рагҳо ва диабети қанд мебошад
ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дӯлона аз меваҳои даштие мебошад, ки дар фасли тирамоҳ пухта мерасад. Дӯлона махсусан барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид ҳисобида шуда, холестирини хунро дар организми инсон паст мекунад.
Дӯлона кори дил ва гардиши хунро беҳтар намуда, ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои дил мусоидат менамояд. Ин намуди мева воситаи табиии паст кардани фишори баланди хун низ ҳисобида мешавад. Дӯлона дорои антиоксидантҳоест, ки ба баланд бардоштани системаи масуният ва муҳофизати бадан аз бемориҳо мусоидат мекунанд.
Ба тавсияи табибон, нафароне, ки лоғар ҳастанд, бояд дӯлона истеъмол намоянд. Зеро дӯлона баданро фарбеҳ карда, инчунин фишори баланди хунро паст мегардонад. Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ месозад.
Дар тибби халқӣ мева ва баргу гули дӯлона ҳамчун маводи шифобахш истифода мешавад. Меваи пухтаи дӯлона дар таркиби худ микроэлементҳои зиёд, аз қабили фосфор, калсий, синк, оҳан ва магний дорад, ки барои бунияи инсон манфиатовар ҳастанд. Инчунин он аз витаминҳои С, Р бой аст.
Агар нафаре, ки ба бемории дарунравӣ гирифтор гардад, аз меваи дӯлона каме бо илова аз алафи заргулак (пижма) ва хуч чой дам карда нӯшад, тезтар шифо меёбад. Аз он ки дӯлона хусусияти паст кардани дардро дорад, онро метавон ҳангоми дарди сар, дарди миёну буғумҳо ва тахтапушт истифода бурд.
Ба тавсияи мутахассисон, дӯлона ба муқобили бактерияҳои зараровар муборизаи фаъолона бурда, хатари гирифтор шудан ба бемориҳои сироятиро кам мекунад. Шахсоне, ки мехоҳанд дандонҳои солим дошта бошанд, бояд бештар дӯлона истеъмол намояд, зеро он девораи дандонҳоро пурқувват месозад.
Табибон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли аз ҳад зиёди дӯлона ба гурда зарар дошта, меъдаро заиф менамояд. Инчунин зиёд истеъмол намудани он фишорро паст мекунад. Ба кӯдакон низ истеъмоли зиёди дӯлона зарар дошта, онҳоро гирифтори дарди шикам ва дилбеҳузурӣ мекунад.
Аз меваи дӯлона мисли дигар меваҳо мураббо ва афшура омода карда мешавад. Ҳамчунин онро дар Офтоб хушк карда, дар фасли зимистон аз он обмева омода намудан мумкин аст.
Баъзе таҳқиқот нишон медиҳанд, ки истеъмоли дӯлона, ки аз моддаҳои флавоноидӣ ва пектинӣ бой аст, сатҳи холестирин дар хунро коҳиш медиҳад.
Дӯлона шуруъ аз моҳҳои июн-июл гул карда, меваашро охири моҳи август-сентябр ҷамъ меоваранд. Он одатан дар теппаҳо, соҳили дарёҳо, қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва Ванҷ месабзад. Дар амалияи тибби муосир ҷавҳари обии дӯлона ё гули онро чун давои руҳафзо ҳангоми бемории дилу рагҳо, таскинбахш ва фишорфарор истифода мебаранд.
Ҷавҳари дӯлона ба таркиби доруи Кардиотрон дохил карда шудааст, ки онро ҳангоми кардиосклероз, стенокардия ва невроз истифода мебаранд. Дӯлона қайро таскин бахшида, меъда ва ҷигарро қавӣ мегардонад, иштиҳо меорад ва дарунравиро манъ мекунад. Бемороне, ки пешоби худро нигоҳ дошта наметавонад, хӯрдани дӯлона ба онҳо шифо мебахшад.
Агар оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд. Истеъмоли аз ҳад зиёди дӯлона ба гурда зарар дораду меъдаро заиф месозад. Дар тибби халқӣ мева ва баргу гули дӯлона ҳамчун маводи шифобахш истифода карда мешавад. Меваи пухтаи дӯлона дар таркиби худ аз витаминҳои С, Р бой аст. Ҷӯшобаи меваи дӯлонаро духтурон барои ба эътидол овардани таппиши дил, гардиши хун, рафъи бемориҳои раги хун, табобати шароити пас аз инфаркт ва гипертония тавсия медиҳанд.
Дӯлона системаи иммуниро мустаҳкам карда, ҷисмро аз холестерин тоза намуда, баданро аз вазни зиёдатӣ халос менамояд. Аз он ки дӯлона хусусияти паст кардани дардро дорад, онро метавон ҳангоми дарди сар, дарди миёну буғумҳо ва тахтапушт истифода намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ






