Масоили омодагӣ ва иштироки Корея дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» баррасӣ шуд

Сентябрь 17, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодагӣ ва иштироки ҷониби Корея дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025», ки моҳи  октябри соли равон  дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  дар мулоқоти Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо оид ба самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ табодули афкор намуда, аҳаммияти форумро ҳамчун минбари муҳим барои рушди робитаҳои иқтисодии мутақобили судманд таъкид намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ва барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузорӣ, тиҷорат ва лоиҳаҳои инноватсионӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд