Мавсума Муинӣ дар Австрия аз нақши калидии ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар маросими хотимавии ташаббуси «Ҷавондухтарон барои сулҳ: Тавонмандсозии ҷавондухтарони Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, ташаббуси мазкур бо дастгирии сохторҳои марбутаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва шарикони байналмилалӣ амалӣ шуда, ба таҳкими имкониятҳои ҷавонон, бахусус духтарони минтақа равона гардидааст. Чорабинии мазкур саҳми онҳоро дар пешбурди сулҳ, муколамаи созанда ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварҳои худ тақвият мебахшад.
Мавсума Муинӣ аз нақши калидии ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа ёдовар шуда, таъкид намуд, ки парлумони Тоҷикистон омода аст ташаббусҳои марбут ба таҳкими иштироки духтарон дар равандҳои сиёсӣ, таваҷҷуҳ ба масоили гендерӣ, ва таъмини волоияти қонунро тавассути ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ намояд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш таҷрибаҳои муваффақи духтарони фаъоли Осиёи Марказиро дар самти мусоидат ба сулҳ ва муколамаи байнинаслӣ муаррифӣ намуда, зарурати идомаи чунин ташаббусҳоро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Австрия








Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд






