«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд

Сентябрь 10, 2025 15:49

ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бунёду модернизатсияи шабакаро дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ  идома медиҳад. Танҳо дар ду моҳи охир оператор 50 майдони нави пойгоҳҳои базавии стандарти 4G/LTE-ро ба кор дароварда, интернети босуръатро ба бисёр маконҳое, ки дар онҳо қаблан шабакаи насли чорум дастнорас буд, ворид намуд. Лекин лоиҳаи муҳимтарини соли 2025 васеъкунии шабакаи 5G маҳсуб мешавад.

Ҷузъи якуми шабакаи насли панҷумро МегаФон Тоҷикистон соли 2020 нахустин бор дар ҷумҳурӣ ва яке аз аввалинҳо шуда дар олам ба кор дароварда буд. Ин имкон дод, ки таҷрибаи кор бо таҷҳизоти 5G андӯхта шавад. Лекин истеъмоли интернети мобилӣ дар доираи рушди зеҳни сунъӣ танҳо акнун то сатҳе расидааст, вақте суръатҳои насли панҷум барои мизоҷони корпоративӣ (масалан, барои назорати ҳазорҳо дастгоҳҳо бо SIM-кортҳо: банкоматҳо, дастгоҳҳои хазинавӣ, датчикҳои системаҳои бехатарӣ) ва муштариён-шахсони воқеӣ бештар зарур хоҳанд омад.

Алоқаи 5G суръатҳои ниҳоят баланди интернети мобилӣ – то 1 Гб/с барои як истифодабаранда ва ҳатто баландтар аз онро таъмин менамояд. Ин маънои онро дорад, ки дилхоҳ контент дарҳол фаъол мегардад. МегаФон Тоҷикистон ният дорад манбаи басомадҳоро бо фарохии 100 МГтс, ки дар байни ширкатҳои инкишофдиҳандаи 5G хеле маъруф мебошад, ба кор барад.

Давоми соли 2025 шабакаи насли панҷум дар ҳудуди Душанбе – шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, ки дар он истифодабарандагони эҳтимолии суръатҳои гигабитии интернет бештар қарор доранд, пайваста бунёд карда мешавад. Дар нимсолаи дуюм дар ноҳияҳои марказӣ боз шаш пойгоҳи базавии 5G пайдо шуданд. Фарогирии пурраи минтақа бо шабакаи 5G имкон медиҳад, ки баъзе аз мушкилоти техникӣ ҳал карда шуда, аз ҷумла ҳамгироии пойгоҳҳои нави базавӣ бо шабака, ки дар он миқдори таҷҳизоти насли чорум ҳоло зиёдтар аст, ба амал бароварда шавад. Минбаъд пойгоҳҳои базавии 5G бо суръатҳои баланд насб карда шуда, ҳудудҳои дигари ҷумҳуриро низ фаро хоҳанд гирифт.

«Инкишофи шабакаи насли панҷум дар рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас маҳсуб мешавад. 5G имконияти комилан нави истифодаи дилхоҳ хизматрасонии рақамӣ ва аз ҳама муҳим, махзани муайянро барои таҳияи хизматрасониҳое, ки шабеҳашон ҳоло дар бозори телекоммуникатсионии мамлакат мавҷуд набуд, таҷассум менамояд», — иброз намуд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Сентябрь 10, 2025 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад