Муҳаққиқи тоҷик технологияи бехатарии парвозҳоро таҳия намуд

Сентябрь 13, 2025 10:17

ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар Донишгоҳи илм ва технологияи Миссури (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) усули нави назорат ва таҳлили системаи интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳоро бо номи «Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда» (TSFA) ихтироъ намуд, ки имкон медиҳад нуқсонҳои техникӣ дар системаи ҳавопаймоҳо сари вақт ва ба тарзи дақиқ муайян карда шаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд.

«Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда» (TSFA) басомад ва амплитудаи сигналҳои интиқолёфтаро таҳлил мекунад, то нуқсонҳоро дар хатҳои интиқоли маълумот дар дохили ҳавопаймоҳо сари вақт ва бе ниёз ба таҷҳизоти иловагӣ муайян намояд.

Усулҳои анъанавии рефлектометрии вақтӣ ва басомадӣ барои таҳлили сигналҳои инъикосшуда ниёз ба истифодаи нақшаи  иловагии мураккаб доранд, ки ин корро дар ҳавопаймоҳои муосир – бо шабакаҳои симкаши дарозии беш аз 200 километр душвор мегардонад. Усули нави таҳиянамудаи Саиданвар Валиев – TSFA (Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда) ба дастаҳои муҳандисӣ имкон медиҳад, ки нуқсонҳоро дақиқ, бо самаранокии баланд ва бе маҳдудияти инфрасохтории усулҳои анъанавӣ муайян намоянд.

Ин равиш барои назорат ва ташхиси системаҳои интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳо роҳи муосир ва муассир аст. Дар доираи таҳқиқот хатҳои интиқоли маълумот бо се навъи осеби сунъӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии «Measurement» нашр гардид.

Ин дастоварди илмии муҳими олими тоҷик далели равшани афзоиши нуфуз ва эътирофи байналмилалии муҳаққиқони тоҷик дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамзамон он ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди навовариҳои технологӣ ва табдилдиҳии рақамӣ пурра мутобиқ аст.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Сентябрь 13, 2025 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд