Нақши Тоҷикистон дар таҳкими амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ баланд арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 19 сентябр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷаласаи 69-уми конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ баргузор шуд, ки дар доираи он вохӯрии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода бо директори генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) Рафаэл Мариано Гросси доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ, таъмини амнияти радиатсионӣ, идоракунии партовҳои радиоактивӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миллӣ дар доираи барномаҳои ҳамкории техникиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тақвият додани инфрасохтори миллӣ оид ба амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, пешбурди ташаббусҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои таҷдид ва солимгардонии партовгоҳҳои коркарди маъдани уран, тавсеаи барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар илм ва технологияҳои атомӣ, истифодаи ҳалли инноватсионӣ ва абзорҳои рақамӣ, алалхусус зеҳни сунъӣ, барои баланд бардоштани самаранокии мониторинги радиатсионӣ, таҳлили маълумот ва таъмини амният равона гардид.
Директори генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) Рафаэл Мариано Гросси нақши фаъоли Ҷумуҳурии Тоҷикистонро дар ташаббусҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ оид ба таҳкими амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ баланд арзёбӣ намуда, омодагии Агентии байналмилалии нерӯи атомиро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои миллӣ изҳор дошт.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






