Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо занону духтарони мамлакат номуси ватандӯстиро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд. Онҳо бо ташаббусҳои созанда Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш шуморида, бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд. Бо дастони пурмеҳри худ навниҳоли соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
— Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
Имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шумораи зиёди занону духтарон фаъолият карда, аз байни онҳо чандин нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Натиҷаи чунин ғамхорию дастгирии давлат ва ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон, аз лиҳози шумораи намояндагони занону духтарон дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз зани тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолати роҳнамои рӯзгори занони мост.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин изҳор доштаанд: «Ман қаблан борҳо гуфта будам ва ҳоло мехоҳам бори дигар таъкид намоям: занону духтарон дар ҷомеаи мо неруи бузурганд ва агар онҳо нахоҳанд, ягон қувва моро аз роҳи пешгирифтаамон, яъне роҳи бунёди давлати мутамаддин ва демократӣ гардонда наметавонад».
Бо тақозои замон сиёсати давлат нисбат ба занон дигаргун шуда, мавқеи онҳо дар ҷомеа ва дар оила ҷойи муносибро ишғол менамояд. Пешвои миллат ба рушду камоли занон пайваста эътибор медиҳанд, ҳамеша нисбат ба занон ғамхорӣ зоҳир менамояд ва бовар доранд, ки онҳо ба эҳёи арзишҳою муқаддасоти миллӣ, оину анъаноти волои гузаштагон мусоидат намуда, мазмунҳои амиқ ва ормонҳои олии ватанхоҳонаю башардӯстонаи мероси бузурги тоҷиконро дар зеҳну тафаккур ва ҳастию вуҷуди халқ, махсусан насли ҷавони мамлакат парвариш хоҳанд дод. Бино ба таъкиди Сарвари давлат, меросбарӣ ва пайванди маънавии наслҳо, одобу ахлоқи ҳамида ва бақои анъанаҳои шоистаи ниёгон, қабл аз ҳама, ба хизмату фидокории занону духтарон вобаста мебошад.
Занони Тоҷикистон аз ғамхории пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба онҳо руҳбаланд гардида, кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳу пойдор саҳми арзанда гузоранд. «Асоситарин ва муҳимтарин меъёри Конститутсияи мамлакат – бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки шоҳроҳи пешрафту тараққии Тоҷикистони навин мебошад, маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолона ва қотеъонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувор ва пойдори худро пайдо намуд» — иброз намуданд Президенти мамлакат.
Дастоварди бузургтарини халқи мо давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ- ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати заҳмати бепоён ва кӯшишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Занону духтарони тоҷик имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба боварии Пешвои миллат бо садоқати худ ба Ватан ҷавоб гардонанд.
Бигузор истиқлолият ва сулҳу суботи Тоҷикистон абадан поянда бошад!
Зуҳро ҲАКИМЗОДА,
муовини Раиси ноҳияи Данғара
АКС аз муаллиф








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






