Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор ба сиёсати зиддикоррупсионии Тоҷикистон баҳои мусбат дод

Сентябрь 18, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Газӣ Шбайкт мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар доираи «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат» табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои муҳим тақвият бахшанд.

Газӣ Шбайкт аз сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дастовардҳои Агентӣ дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд