Намояндаи Суди конститутсионии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии адолати конститутсионӣ иштирок намуд

Сентябрь 12, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи ин давлат Форуми байналмилалии адолати конститутсионӣ баргузор гардид, ки дар он судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Қувватзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд, Фотеҳ Қувватзода дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқҳои миллӣ» гуфт, ки «конститутсияҳое, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд, на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ормонҳои дар замири халқ парваридае мебошанд, ки решаи он ба таърихи дурударози ҳар халқияту миллат асос ёфтааст.

Бинобар ин бояд ба ин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ,  таърихию сиёсӣ аз ҷониби  давлатҳо ва институтҳои хориҷӣ эҳтиром гузошта шавад. Ҳамзамон дар хотир доштан зарур аст, ки Конститутсия дар сатҳи олии ҳуқуқӣ ифодакунандаи ирода ва манфиати тамоми ҷомеа ва давлати миллӣ мебошад».

Иброз гардид, ки баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ  қабул карда шуд. Он яке аз арзишмандтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст.

Ҳамзамон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  ҷавҳари асосии фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроияи маҳаллӣ, худидоракунӣ ва нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф карда мешавад.

АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд