Оид ба тадбирҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои молия, таҳсил ва иқтисод конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Сентябрь 20, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявӣ, нобаробарии иқтисодӣ, мушкилоти соҳаи маориф ва таъсири тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодиёт зимни конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Конференсия таҳти унвони «Мушкилоти глобалӣ ва тадбирҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои молия, таҳсилот ва иқтисод» доир шуд. Зимни он иброз гардид, ки дар ҷаҳони имрӯза мушкилоти глобалӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, буҳронҳои молиявӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ба молия, таҳсилот ва иқтисод таъсири калон мерасонанд. Аммо инноватсияҳо — зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ, иқтисоди «сабз» ва моделҳои нави таълимӣ метавонанд ба инсоният имкон диҳанд, ки аз ин мушкилӣ раҳоӣ ёбад ва рушди устуворро таъмин намояд.

Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд.

Дар конференсия ба таври маҷозӣ аз ҷониби намояндагони мактабҳои олии Русия ва Узбекистон дар мавзуъҳои «Бозори молиявии «сабз»: таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушд дар Русия», «Таҳлили глобалӣ ва пешгӯйии рушди иқтисодии мамлакатҳои Аврупо, Қафқоз, минтақаи Осиё, Уқёнуси Ором ва Узбекистон» ва «Ҷанбаҳои консептуалии таҳияи сиёсати андоз дар шароити рақамисозии иқтисоди миллӣ»  маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Таъкид шуд, ки дар асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо якчанд мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ аст, ки ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъсир мерасонанд. Барои ҳалли онҳо истифодаи технологияи муосир аҳамияти калидӣ дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад