«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон намоиши гулдӯзии тоҷикон доир шуд

Сентябрь 27, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /.АМИТ «Ховар»/. «Олами гӯлдӯзии тоҷикон» — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии қолинҳои  Озарбойҷон намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии  Тоҷикистон беш аз 50 адад гулдӯзии нодир ба маърази тамошо гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар намоишгоҳи «Олами гӯлдӯзии тоҷикон» навъҳои гулдӯзии ниёгон, аз қабили сӯзанӣ, чакан, попурдӯзӣ, болинпӯш, сӯзании хурд, ҷойнамоз, миёнбанд, оинахалта, бардеворӣ, дастархон ва дигар намунаҳои ҳунари суннатии гулдӯзӣ пешкаши дӯстодорону меҳмонон ва сокинони шаҳри Боку гардонида шуданд.

Дар ҳунари гулдӯзии тоҷикон ҷойгоҳи махсусро сӯзанӣ ишғол мекунад, ки як навъи асосии гулдӯзии тоҷикӣ буда, бо гуногунии нақшҳо ва рангҳо ба инсон  таассуроти амиқ мебахшад.

Гулдӯзии тоҷикӣ на танҳо завқи бадеӣ, балки ҷаҳонбинии халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Ҳар нақш дар он маънои рамзии     худро дорад: аз аломатҳои табиат — гули анор, косагул, барги маҷнунбед то тасвирҳои Офтоб, моҳ, ситора, пари товус, тӯтӣ ва ғайра. Ин гулдӯзиҳо бо нақшҳои наботӣ, ҳандасӣ, катибаҳову навиштаҷоти эпиграфӣ ороста шудаанд.

Дар фонд ва экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз ба миқдори беш аз 800 адад гулдӯзиҳо ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки онҳо давоми солҳои гуногун аз ҷониби кормандони муассиса ҳангоми баргузории экспедитсияҳои мардумшиносӣ, инчунин тавассути харидорӣ, қабули туҳфаҳо аз шахсиятҳои фарҳангӣ гирдоварӣ гаштаанд. Як қисми он ҳоло дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар доираи намоиш навъи дигари нодири гулдӯзии тоҷикӣ — чакан,     ки соли 2018 ба Феҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шудааст, ба тамошобинон низ муаррифӣ гардид.

Намоиши байналмилалии «Oлами гулдӯзии тоҷикон», ки бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ифтитоҳ гардид, дар рушди муколамаи фарҳангӣ байни  ду давлат саҳми муҳим гузошта, идомаи анъанаи мубодилаи фарҳангии дуҷониба  мебошад. Аз ҷумла, намоишгоҳи «Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон», ки 20 майи соли 2025 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон- дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гашта буд, далели ин гуфтаҳо мебошад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Боку имкон доранд, ки  давоми як моҳ- то 25 октябри соли 2025 зимни тамошои намоишгоҳи «Олами гулдӯзии тоҷикон» бо мероси ғании мардуми тоҷик, ки дар ҳар  дӯхташ таърихи зинда, ҳунару малака ва руҳи офарандагонаш  таҷассум ёфтааст, аз наздик шинос шаванд.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2025 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд