Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ нафар олими ҷавони тоҷик аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар машғулияти «Мактаби байналмилалии тобистона»- и Донишгоҳи нави Узбекистон, ки дар бахши физикаи баландэнергия, физикаи релятивистӣ ва астрофизикаи ҳаставӣ мегузарад, иштирок доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизика Анвар Бӯризода хабар дод, профессорон аз марказҳои илмии Ҷопон, Корея, Чин, Олмон, Русия, Чехия, Қазоқистон ва Узбекистон бо иштирокчиёни Мактаби байналмилалии тобистона машғулияти лексионӣ мегузаронанд.
Барои пажуҳишгарони мо ин машғулият имконияти нодир бобати шиносоӣ бо усулҳои пешрафтаи илмӣ, дастовардҳои навтарини технологӣ ва табодули мустақим бо коршиносони байналмилалӣ мебошад.
Мактаби тобистона то 14 сентябр идома ёфта, қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва тайёр намудани насли нави олимони тоҷик хоҳад шуд.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






