Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид

Сентябрь 27, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Dushanbe EXPO Centre» даври ҷумҳуриявии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Озмун бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасон молу маҳсулоташонро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамзамон дар доираи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Озмун аз соли 2008 инҷониб дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.

Дар озмун шахсони ҳуқуқии шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ ва ҳар гуна хизматрасонӣ машғуланд, иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ ва муттаҳидкунии мақомоти давлатӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияти онҳо ба баланд бардоштани  сифати маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ равона гардидааст, кумак барои таъмин намудани бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, ташкили замина ва ҳамкории васеъ барои татбиқи усулҳои замонавии роҳбарӣ ва таъмини сифат дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ барои ба даст овардани муваффақият   дар соҳаи сифат мебошад.

Маросими ҷоизасупорӣ ба 119 нафар ғолибони озмун дар Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии стандартҳо-  14 октябри соли 2025  баргузор карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд