Парвозҳои мустақим дар масири Сиан-Душанбе-Сиан оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз парвозҳои мустақим дар масири Сиан-Душанбе-Сиан /Чин/ оғоз гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оғози парвозҳо дар ин масир дар доираи таҳкими ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба роҳ монда шудааст.
Парвозҳо дар хатсайри Сиан-Душанбе-Сиан аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии чинии «Zhejiang Loong Airlines» ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки 21 августи соли 2025 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Точикистон Го Жиҷун баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориро дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанҷоу, инчунин мукаммал намудани парвозҳоро дар масири Душанбе – Урумчӣ ва Душанбе – Пекин баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл байни шаҳрҳои Душанбе-Пекин ва Қошғар –Хуҷанд парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз гардида буданд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






