ПЕШСАФИ ПАХТАЧИНӢ. Дар Мастчоҳ зиёда аз 7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст

Сентябрь 16, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Мастчоҳ дар маъракаи имсолаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд пешсаф мебошад. Ҳар рӯз зиёда аз 10 ҳазор саҳмдор ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ба саҳро баромада, дар як рӯз аз 520 то 550 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, ҳаҷми умумии ҳосили ба хирман воридшуда то 16 сентябр ба зиёда аз 7175 тонна расидааст. Ин нишондиҳанда 26,2 фоизи нақшаи солонаро ташкил дода, ноҳияи Мастчоҳро дар радифи пешсафони вилоят қарор медиҳад.

Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, дар айни замон беш аз 4 ҳазор гектар пахтазор дар марҳилаи чиниши якум қарор дошта,  ҷамъоварии пахта бо суръати баланд идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Сентябрь 16, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд