Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бинисумчи деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон дидан намуданд.
Майдони умумии хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон 1 гектар буда, дар шафати он 23 гектар замини чунин боғҳои серҳосил мавҷуд аст.
Ҳосили пурбори себҳои “Зарринтоб”, “Ситораи кӯҳсор” ва ноки Нозанин, ки навъҳои асосии меваҳои боғро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи боғдорон арзёбӣ гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ин минтақа аз ҳар гектар боғи себ 25 тоннагӣ ҳосил гирифтаанд.
Имсол низ ҷамъоварии ҳосили себ дар хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон даҳаи аввали моҳи октябр оғоз мегардад ва тибқи таҳлили мутахассисони соҳа аз ҳар гектари он имкон аст беш аз 25 тонна ҳосил ба даст оварда шавад.
Ҳосил аз ин боғҳо дар баробари таъмини бозор дар сардхонаҳо захира карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боғдорон суҳбати самимӣ анҷом дода, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, васеъсозии масоҳати боғ, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва аз ин ҳисоб тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар маслиҳатҳои муфид доданд.
Мавриди зикр аст, ки иқлими ноҳияи Файзобод барои парвариши себу нок мусоид буда, майдони умумии боғот дар ноҳия ба 6 ҳазору 420 гектар баробар гардидааст. Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 34 гектар боғи нав бунёд намудаанд. Ба ҳолати 1 сентябр аз ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7 ҳазору 646 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст.
Кишоварзон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат боғҳои меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд. Ҳосил аз ин боғҳо дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба содирот низ равона мегардад. Бо зиёдшавии майдони боғҳо дар баробари афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд шуда, аҳолӣ бо шуғли мавсимӣ ва доимӣ фаро гирифта мешаванд.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






