«РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ». Дар Бӯстон ба ифтихори бунёдгузори адабиёти тоҷик озмун доир гардид

Сентябрь 22, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бӯстон озмун аз рӯи ду номинатсия: «Иншои беҳтарин дар мавзуи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй»» ва «Беҳтарин хонандаи ашъори шоир Рӯдакӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шудааст.

Дар тамоми муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Бӯстон бахшида ба ин сана ҳамоиш ва конфронсҳо доир карда мешаванд.

Муҳимтарин хизмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст. Осори устод Рӯдакӣ бештар мавзуъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан ва тасвири табиатро фаро мегирад. Абёти панду ахлоқии устод моро ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, илмандӯзию фарҳангдӯстӣ даъват менамоянд ва дар замирамон некию накукорӣ ва муҳаббату садоқат мепарваранд.

Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон такя ба илму маонӣ ва фарҳангу адаби баланди миллии хеш намуд. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Рӯдакӣ яке аз иқдоми шоистаи Ҳукумати Тоҷикистону мардуми он ва нишони арҷгузорӣ ба фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷик мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Сентябрь 22, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд