РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОРУСОЗӢ. Барои рушди саноати истеҳсоли доруворӣ бояд аз захираҳои табиӣ ва табиат истифода намуд

Сентябрь 25, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/.  25 сентябр Рӯзи ҷаҳонии дорусозӣ  эълон гардидааст.  Саҳми асосии дорусозон дар беҳтар кардани ҳолати беморон,  расонидани хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии саривақтӣ ба доруворӣ назаррас мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 иброз намуданд, ки «бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ба роҳ монда шавад».

Дорусозӣ яке аз муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои коркарди растаниҳои шифобахши ҷумҳурӣ соли 2016 дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии ин марказ омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи дорусозӣ аст, ки ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд. Вазифаҳои марказ инчунин аз ҳисоби донишҷӯёни факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон омода намудани мутахассисон, гузаронидани корҳои таҷрибаомӯзӣ, таҷрибаомӯзии саҳроӣ ва илмӣ бо кафедраҳои тахассусии факултети фармасевтӣ ва дигар кафедраҳои дахлдоре мебошанд, ки ба омӯзиши илм дар  соҳаи дорусозӣ равона шудаанд.

Марказ аз шуъбаи бо дархост тайёр намудани маводи доруворӣ, шуъбаи истеҳсоли қурсҳо, ғилофакҳои мулоим ва басту банди онҳо, бахши иттилоот оид ба маводи доруворӣ, шуъбаи ҷамъоварӣ, коркард ва бастубанди растаниҳои шифоӣ, озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳлилҳои химиявӣ, ҳуҷраи автоклавкунонӣ, ҳуҷраи истеҳсол ва қабули оби муқаттар, ҳуҷраи шустушӯи зарфҳо ва ҳуҷраи экспедитсионӣ иборат мебошад.

Мутахассиси пешбари Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» Гадомад Раҷабов иброз намуд, ки марказ давоми  фаъолият 12 намуди гиёҳҳои шифобахши мамлакатро омӯхта, аз онҳо маводи доруворӣ истеҳсол менамояд.

«12 намуди растаниҳо- инҳо гули бобуна, пудина, кокутӣ, ришаку сутуну ҷуворимакка, хуч, алпабодиён, чойкаҳак, лимӯгиёҳ, пупалоқ, решаи ширинбия, хоргул, сиёҳдона мебошанд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифта, истеҳсоли он ба роҳ монда шудааст. Аз ҳамаи ин мавод дар марказ маводи доруворӣ омода карда мешавад. Ҳамаи он аз қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд. Инчунин  рӯзҳои наздик ғилофаки мулоими сиёҳдона ва равғани каду низ  истеҳсол менамоем»,- афзуд Гадомад Раҷабов.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар мамлакати мо зиёда аз 4513 намуди растаниҳои шифоӣ мерӯянд. Аммо то имрӯз зиёда аз 70 номгӯй растаниҳои мо омӯхта шуда, дорои шиноснома мебошанд.

«Растанӣ то омӯхта нашавад ва шиноснома надошта бошад, шумо ҳуқуқи дар  тибби муосир истифода  бурдани онро надоред. ——Дар марказ истеҳсоли ҳар намуди растанӣ ба таври инфиродӣ ва регламент ба роҳ монда мешавад. Ҳар муассисаи фармасевтӣ метавонад аз мо дар бораи дилхоҳ растанӣ маълумот дастрас карда, онро истеҳсол намояд. Инчунин дар марказ тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ барои коркарди растаниҳо омода карда мешаванд. Кормандони марказ меъёри ҷамъоварии растаниҳоро пурра омода ва пешниҳод низ менамоянд»,-гуфт Гадомад Раҷабов.

Барои он ки саноати истеҳсоли дорувории мо ба сатҳи ҷаҳонӣ барояд, мо бояд аз захираҳои табиӣ ва табиати биҳиштосоямон самаранок истифода барем.  Зеро мамлакати мо дорои захираи бойи олами набототу растаниҳои шифобахш буда, онҳоро метавон дар саноати дорусозӣ ва косметология васеъ истифода бурд.

Ба таҳлили коршиносон, бо он иқтидори табиие, ки мамлакати мо доро мебошад, чунин вазъи истеҳсоли растаниҳо қонеъкунанда нест. Оқилона ва самаранок истифода бурдани растаниҳо имконият медиҳад, ки дар табиат, пеш аз ҳама, захираи гуногуни гиёҳҳо нигоҳ дошта шуда, баъдан ҳаҷми он барои истеҳсолот муайян гардад. Инчунин таркиби химиявии ҳар гиёҳи шифобахшро пурра омӯхта, хосиятҳои физикию химиявии унсурҳои таркиби онро бо дорушиносон ва мутахассисони соҳа таҳқиқ намуда, истифодаи босамари онро барои табобати бемориҳои гуногун ба роҳ мондан зарур мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Сентябрь 25, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад