Рӯзи Истиқлолияти давлатиро дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пуршукуҳ ҷашн гирифтанд

Сентябрь 7, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ доир ба истиқлолият ва дастовардҳои он изҳори андеша намуд. Иброз гардид, ки боиси фараҳ ва шодист, ки соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва шуруъ аз ҳамон рӯз ба зиндагии мардуми мо нафаси тоза ворид шуд.

Ҳоло Тоҷикистон аз мамлакати рӯ ба рушд ба давлати тараққиёфта табдил ёфтааст, ки ин бурди бузург ва муваффақияти хеле назаррас мебошад.

Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани муваффақияти бузурги ҷумҳурӣ беназир мебошад. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаро ба ҳам оварданд ва арзишҳои фарҳангиву миллии моро ҳифз намуданд. Талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият ва муаррифии қудрати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ хеле бузург ҳастанд.

Ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён баҳои баланд додаанд. Тавре яке аз собиқ сарварони Амрико гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифта, тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад».

Боиси ифтихор аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфт. Мо бояд мутахассисони варзидаи соҳавиро барои хизмат ба Ватан омода намоем.

Дар ҷамъомад як зумра омӯзгорону кормандон бо Сипоснома ва Ифтихорномаи раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини фарҳангиву ҳунарӣ аз ҷониби ансамбли «Ҷилои Ёқут»-и донишкада ва овозхонҳои ҷумҳурӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд