Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО ворид карда мешавад

Сентябрь 17, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни  суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш доданд, ки  барои ворид намудани Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дар соли 2026 тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки Парки миллии Тоҷикистон бо 2,6 миллион гектар ва Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» бо 49,7 ҳазор гектар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.

Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи такмили назорати давлатӣ ва идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи гуногунии биологӣ солҳои охир саршумори намудҳои нодири ҳайвонот, аз ҷумла морхӯр, гӯсфанди кӯҳии архар (Марко Поло) ва бабри барфӣ зиёд мегардад. Дар се соли охир бо мақсади ҳифзи ҳайвоноти нодир дар ноҳияи Мурғоб «Маркази офиятбахшии бабри барфӣ», дар Резервати биосферии «Ромит» ва Парки табиии «Сари Хосор» парваришгоҳи гавазни бухороӣ ва дар Мамнуъгоҳи табиии «Дашти Ҷум» парваришгоҳи морхӯр ташкил гардид».

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд