Роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ охири сентябр дар Душанбе ҷамъ меоянд

Сентябрь 12, 2025 09:47

ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23-26 сентябри соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни давлатҳои Иттиҳод баррасӣ гарданд. Қабл аз баргузории ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳод баргузор мегардад.

Дар ҳошияи ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе инчунин баргузории ҷаласаи 51-уми мушовараи якҷояи хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар назар аст.

Ҳамзамон интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 12, 2025 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд