Ширкатҳои фаронсавӣ метавонанд дар рушди соҳаи сайёҳии Хатлон саҳм гузоранд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва соҳаи сайёҳӣ 17 сентябр зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баррасӣ гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ Раиси вилояти Хатлон оид ба имконияти васеи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо маълумот дод. Иброз гардид, ки вилояти Хатлон дорои захираҳои бузурги соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ мебошад. Аз ин рӯ истифодаи ин захираҳо имконияти хуб барои рушди туризми дохилию байналмилалӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 619 ёдгории бостонӣ, 96 ёдгории меъморӣ ва 225 ёдгории монументалӣ мавҷуд мебошад. Бо ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ёдгории нодири таърихӣ- «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён, «Мадрасаи Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус ва Дайри Буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.
Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, хусусан ташкили ихтисосу кафедраҳо бо забони фаронсавӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят метавон ширкатҳои фаронсавиро ҷалб намуд. Дар ин замина соҳибкорону сармоягузорон аз Фаронса метавонанд барои амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда саҳми муносиб гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ ва истифодаи имконияти мавҷуда табодули афкор намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






