ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.
«Мо ифтихор дорем, ки дар сию чор соли Истиқлолияти давлатӣ пойдевори давлатдории миллиамон гузошта шуда, барои таҳкими он корҳои бузург ба анҷом расонида шуданд ва мо имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем», — афзуд ректори донишгоҳ.
Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақою симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдориро мустаҳкам намуда, Ватанро аз фаношавӣ наҷот диҳем ва ба ин васила дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ гардонем.
Таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва соҳиб гаштан ба истиқлоли маънавию фарҳангӣ масъалаи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ ҳамчун яке аз омилҳои таҳкими Истиқлолияти миллӣ имрӯзҳо аҳамияти вижа касб намуда, дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст






